АФСАРОНИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

Февраль 23, 2009 16:47

               Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 22 феврали соли ҷорӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қабули савганди ҳарбии афсарони ҷавон баргузор гардид. Дар ин маросим зиёда аз 60 нафар афсарон, ки баъд аз хатми мактабҳои олии кишвар ба хизмати ҳарбӣ омадаанд, савганд ёд карданд.                Аз маркази матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки афсарони ҷавонро бо ин санаи муҳим Фармондеҳи Гвардияи миллии ҷумҳурӣ, генерал-майори гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ табрик намуда, ба онҳо баҳри хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон ва наздикони афсарони ҷавон иштирок намуданд.                Бо садоқат ёд кардани савганд ва бо марши тантанавӣ гузаштани афсарони ҷавон аз назди ҳайати фармондеҳӣ аз он шаҳодат дод, ки онҳо дар чанд моҳ маҳорати баланди ҳарбӣ ба даст овардаанд.              Дар охир консерти идона баргузор гардид, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ ва оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ суруду оҳангҳои тозаэҷоди худро дар васфи Ватан ва ифтихори хизмати ҳарбӣ иҷро намуданд.  

Февраль 23, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ