БА ШАРҚШИНОСИ МАЪРУФИ РУСИЯ МУКОФОТИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН СУПОРИДА ШУД

Февраль 4, 2009 11:46

                 Маскав, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия зимни ҷамъомади ботантана ба олими машҳури бостоншинос Борис Анатолевич Литвинский ордени «Шараф» — и Тоҷикистон супорида шуд. Олим ба ин мукофоти олӣ барои саҳми бузургаш дар таҳқиқу омӯзиши таърих ва ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон мушарраф гардид. Орденро ба олим бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири кабири ҷумҳурии мо дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев супурд. Сафир баъди супоридани мукофот зикр намуд, ки Б.Литвинский 40 сол дар қаламрави Тоҷикистон таҳқиқоти доманадори бостоншиносӣ гузаронид ва имрӯз ҳам мавзӯъҳои гуногуни таърихи кишвари моро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Вай зикр кард, ки Б.Литвинский имрӯз ҳам узви ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.                  Тӯли солҳои охир як насли томи тоҷикон бо таърихи халқу кишвари худ дар асоси китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» шинос шуд, ки онро Б.Литвинский ҳамроҳи Аҳрор Мухторов таълиф намудааст. Китоби мазкур бори аввал соли 1958 чоп карда ва баъдан чандин маротиба нашр карда шудааст. Кӯмаки Б.Литвинский ва ҳамсараш Елена Абрамовна Демидович ба директори пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС Бобоҷон Ғафуров дар таълифи асари машҳури «Тоҷикон» ниҳоят калон аст. Борис Литвинскийро ба ин муносибат директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия Р.Рибаков, ҳамкасбон ва шогирдонаш, инчунин раиси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» А.Давлатов табрик намуданд.                   Нотиқон ба фаъолияти илмии Б.Литвинский дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки олим тӯли солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон бахшида ба таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ садҳо асару мақолаҳо чоп кардааст.                   Б.Литвинскиий зимни суханрониаш лаҳзаҳои гуногуни фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба хотир оварда, аз муносибатҳои эҷодию илмии худ бо Бобоҷон Ғафуров ва олимони дигари тоҷик ёдовар шуд. Вай зикр намуд, ки таълифи ҷилди навбатии китоби «Ибодатхонаи Окс» — ро ба охир расонидааст ва он ояндаи наздик чоп карда мешавад.                    Б.Литвинский 17 марти соли 1923 дар Тошканд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказиро хатм кардааст. Вай соли 1951 ба Душанбе омада, дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон шӯъбаи бостоншиносиро таъсис дод. Ӯ дар Душанбе то соли 1971 кор карда, баъд ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия даъват карда шуд. Олим муаллифи бештар аз 500 асару мақолаҳои илмӣ бахшида ба таърихи Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ ва ҷопонӣ нашр шудаанд.  

Февраль 4, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад