БАРОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ 5 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Февраль 4, 2009 11:14

               Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли 2009 барои мубориза ба муқобили малах ва дигар ҳашароти зараррасон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.               Боиси ёдоварист, ки соли 2008 малах ва дигар ҳашароти зараррасон дар майдони 130 ҳазор гектар замин паҳн шуда, ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо зарари зиёд ворид намуд.               Барои мубориза ба муқобили малах беш аз 5 ҳазор нафар одам сафарбар гардид.                Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин мақсад бо таври фаврӣ 4,5 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Аз ҷониби ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО)-и Созмони Милали Муттаҳид барои нобуд сохтани малах 500 ҳазор доллар ҷудо када шуда буд, ки он дар нест кардани малах мусоидат намуд.

Февраль 4, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад