БАРОИ ОМОДАГӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ ДАСТУР ДОДА ШУД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрие, ки бо иштироки муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонов ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо фаъолони корхонаҳою ташкилотҳои соҳаи кишоварзии вилоят, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барраси гардида, аз ҷумла ба вилояти Суғд дастур дода шуд, ки нисбати кишти тирамоҳии зироатҳо ва нигоҳубини он чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ба мутахассисони соҳа тавсия дода шуд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди обу ҳаво ба кишти баҳорӣ оғоз намоянд. Дар мавсими кишт аз ҳамаи захираҳо; техника, тухмии хушсифат ва қувваи корӣ самаранок истифода карда шавад. Баробари ин ба мутахассисон ва роҳбарони соҳа супориш дода шуд, ки ҳар чи зудтар ба механизми нави маблағгузорӣ гузашта, барои бозгашти маблағҳои қарзи бонкӣ то 1-уми апрел чораҳо андешида шавад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






