БОҒҲОИ НАВ 44,5 ФОИЗ БУНЁД ШУДАНД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ, то 1-уми феврали соли 2009 дар ҷумҳурӣ нақшаи бунёди боғҳои нав 44,5 фоиз иҷро шуд.Тибқи «Барномаи бунёди боғу токзорҳо то соли 2010» соли ҷорӣ аз 1465 гектар майдони барои боғҳои нав пешбинишуда, ҳамагӣ 653,3 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки ин баробари 44,5 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилояти Суғд аз 544 гектар замини барои бунёди боғҳо пешбинишуда ҳамагӣ 58 гектар ё баробари 10,7 фоиз ва дар вилояти Хатлон бошад, ба ҷои 556 гектари дар нақша буда-573,3 гектар ва ё баробари 103 фоиз боғи нав бунёд карда шудаааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба ҷои 327 гектари дар нақша пешбинӣ гардида ҳамагӣ 22 гектар боғи нав (ноҳияи Рӯдакӣ) бунёд карда шудааст.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






