ДАР ҶАМОАТИ ТУГУЛИ ПАНҶ МАКТАБИ НАВ СОХТА ШУД

Февраль 10, 2009 16:09

               Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 феврал дар ҷамоати Тугули ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мактаби нави замонавӣ барои 1 ҳазору 176 нафар талаба ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани мактаби мазкур вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Ҳамидуллохон Фақиров, муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳикоятмоҳ Ҳакимова ва раиси ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров ширкат намуда, онро падидаи нек дар рушди соҳаи маорифи кишвар арзёбӣ карданд.               Сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мактаб аз ҳисоби қарзҳои Фонди Саудии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион доллари амрикоӣ бо усули замонавӣ сохта шуда, дорои ошхона, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои компютерӣ мебошад.

Февраль 10, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад