ДАР РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶТ БАРНОМАЮ ГУФТОРҲОИ ЭРОНӢ ПАХШ ХОҲАНД ШУД

Февраль 19, 2009 16:08

                    Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол лоиҳаи оинномаи таъсиси шабакаи телевизиони кишварҳои форсизабон аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки баъди омӯзиш ва дохил намудани ислоҳот, қабул карда мешавад». Чунин гуфт ба хабарнигорон баъд аз мулоқоташ бо Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов, Раиси Созмони симо ва садои Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Изатулло Зарқомӣ.                    Мавсуф афзуд, ки ӯ зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Эрон барномаҳои ҷолиби телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, инчунин сериалҳои телевизионӣ овардааст. Онҳо тавассути телевизион ва радиои Тоҷикистон намоиш ва шунавонида мешаванд. Инчунин, аз Тоҷикистон барномаҳои тамошобоби телевизионӣ ва гуфторҳои радиоиро ба Эрон бурда, тавассути садо ва симои ин кишвар пахш менамоянд.                   Изатулло Зарқомӣ дар посух ба саволи хабарнигори бахши форсии радиои «Овози тоҷик» гуфт, ки дар оянда сайъ менамояд, ки тавассути намояндагии садо ва симои Эрон дар Душанбе ва Сафорати Эрон дар Тоҷикистон итттилоти мухталифи иқтисодӣ ва фарҳангиро марбут ба Эрон ва барномаҳои ҷолиби радиоии Эронро бифиристад, то мавриди истифодаи бахши форсии радиои «Овози тоҷик» қарор гиранд.

Февраль 19, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст