ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТРО ТАРАФДОРЕМ

Февраль 13, 2009 14:27

                Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» ифодагари рушди матбуот, озодии сухан ва беҳтар гардидани фазои иттилоотии кишвар мебошад. Мақсади Сарвари давлат тавассути васоити ахбори омма ошно намудани ахолӣ ба кори вазорату идораҳо, кумитаю корхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз раванди демократикунонии ҷомеа дар давлати демократӣ мебошад.                 Роҳбарият ва кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фармонро ҳамчун дастур мавриди амал қарор медиҳанд. Дар Кумитаи андоз натиҷаи фаъолият дар ҳар се моҳ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва хориҷи он мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор мегирад. Дар нишастҳои матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигорон дар мавриди сарчашма ва ҷамъоварии андозҳо, мушкилот ва роҳҳои бартараф сохтани оҷилии он ҷавобҳои далелнок дода мешавад.                Вазорату идораҳо ҷонибдори онанд, ки матолиби таҳлилию танқидӣ профессионалӣ, беғараз ва созанда бошанд. Роҳҳои ҳалли мушкилот оқилона пешниҳод карда шаванд, далелҳои таҳлилию танқидӣ ҳаматарафа асоснок гарданд.                — «Танҳо дар ҳамин сурат шароит муҳайё мегардад, ки ҳамкории мутақобилан судманди кормандони васоити ахбори оммаю вазорату кумитаҳо, идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оқилонаю барои тарафайн манфиатбахш ба роҳ монда шавад»,- иброз намуд раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Февраль 13, 2009 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад