ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «Парасту-2009»
Душанбе 13 феврал. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 23 то 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2009» доир мегардад. Роҳбари маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Гулмаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг баргузор мегардад. Дар он қариб тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Гулмаҳмад Давлатов иброз дошт, ки ба фестивал-озмун асарҳое пешниҳод карда мешаванд, ки драматургони тоҷик онро дар даврони истиқлолият дар мавзӯи муосир офаридаанд. Асарҳое, ки аз Шӯрои бадеии вазорати фарҳанг нагузаштаанд, ба озмун роҳ дода намешаванд. Шумораи умумии иштирокчиёни фестивал набояд аз 20 нафар зиёд бошад. Ҳар як театри иштироккунанда барои баромади ҷудогона дар фестивал-озмун як асари мукаммали бисёрпардагӣ пешкаши аъзои ҳакамон ва мухлисони санъати театрӣ мегардонад. Ғолибони озмун бо мукофот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр мегарданд. Инчунин спектаклҳои беҳтарин, ки сазовори шоҳҷоиза ва ҷои якум мегарданд, барои иштирок дар Фестивали байналмиллалии «Наврӯз» роҳхат мегиранд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






