МАРДУМ БЕШТАР АНГИШТ МЕХАРАД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар давоми ду моҳи аввали соли 2009 дар мамлакат 4079 тонна ангишт истеҳол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 146 тонна зиёд мебошад. Аз вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ Ховар хабар доданд, ки айни ҳол захираи ангишт дар мағозаҳо — 6709,24 тонна, дар анборҳо — 30853,9 тонна ва ҳамагӣ -37563,14 тонна мебошад. То имрӯз дар саросари кишвар — 2872,3 тонна ангишт фурухта шудааст, ки нисбат ба соли 2008-ум 3468,3 тонна кам аст. Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 феврали соли 2009 зиёда аз 1605 нуқтаи фӯруши ангишт фаъолият дошт. Дар онҳо 20450,1 тонна ангишт мавҷуд аст. Аз ҷумла, вилоятҳои Суғд-519 мағоза, дар Хатлон 557 мағоза, дар ВМКБ- 33 мағоза, НТҶ — 461 мағоза ва шаҳри Душанбе-35 мағозаи фурӯши ангишт фаъолият дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имсол шумораи мағозаҳои ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 968 адад зиёд мебошад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






