МАСЪАЛАИ ДОДАНИ РАВОДИД БА ШВЕЙТСАРИЯ САФОРАТИ ОЛМОН ДАР ШАҲРИ ОСТОНА МАШҒУЛ МЕГАРДАД

Февраль 5, 2009 14:28

                    Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Консулгарии генералии Швейтсария дар Алмаато дархости шаҳрвандони Тоҷикистонро барои гирифтани раводид танҳо то 25-уми феврали соли ҷорӣ қабул хоҳад кард.                    Тавре аз дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 26-уми феврал то 6-уми март ба масъалаи додани раводид ба Швейтсария сафорати Олмон дар шаҳри Остона машғул мегардад. Сафорати нави Швейтсария дар Остона, ки ба муносиботи дипломатӣ бо Қирғизистону Тоҷикистон масъул хоҳад буд, аз 10-уми март ба кор шурӯъ намуда, минбаъд масоили додани раводид ба дӯши он вогузошта мешавад.                      Бояд гуфт, ки Агентии консулгарии Швейтсария дар шаҳри Душанбе бинобар ба минтақаи Шенген ворид гаштани Швейтсария аз 15-уми декабри соли 2008 додани раводидро қатъ сохта буд.   

Февраль 5, 2009 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд