МУНШИИ УМУМИИ СММ ДАР АФҒОНИСТОН

Февраль 5, 2009 15:14

                  Кобул, 5 феврал. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 4 феврал барои боздид ба Кобул омад. Вай зимни мулоқот бо президенти Афғонистон Ҳамид Карзай зикр намуд, ки Созмони милал мисли пештара ба ҳалли проблемаҳои Афғонистон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Таъкид шуд, ки мамлакатҳои мададгори Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бояд ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро дар бобати дастгирии Афғонистон пурра ва қатъӣ иҷро намоянд.                  Баъдан масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти Афғонистон ва тайёрӣ ба интихоботи президенти мамлакат муҳокима шуданд.                  Пан Ги Мун дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки Афғонистон дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи президент ва тақвияти мубориза ба муқобили силоҳбадастон соли равон ба таҳдидҳои нисбатан мураккаб мувоҷеҳ хоҳад гашт.                  Қайд карда шуд, ки СММ ҳамаи вазифаҳои худро дар бобати дастгирии Афғонистон комилан иҷро хоҳад кард.  

Февраль 5, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад