МУРОҶИАТНОМА

Февраль 20, 2009 16:50

                                                                                   МУРОҶИАТНОМАИ                                                     Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи                                                мустақили Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,                                                бонкҳо, корфармоён ва соҳибкорони ватанӣ оид ба бӯҳрони                                                                                      молиявии ҷаҳонӣ                  Бӯҳрони молиявии ҷаҳонии бавуҷудомада иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро, ҳамчун қисми таркибии ҷудонашавандаи ҷомеаи кишвар, ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии меҳнаткашон ба ташвиш овардааст.  Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва тарофаҳои хизматрасонии коммуналӣ сатҳи зиндагии мардум боз ҳам паст мегардад.                  Нахуст аз ҳама, мебояд аз оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки имрӯз ба ҷомеа, ҳар як фарди он таҳдид меоварад, мо бояд омодаю огоҳ бошем ва барои пешгирии оқибатҳои ногувори он чораҳои мушаххас андешем.Ба ақидаи мо, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва вазъи зиндагии мардум оқибатҳои зерин меоварад:                  коҳиш ёфтани захираҳои молиявии бонкҳо;                  афзоиши ставкаҳои қарздиҳии бонкҳо ба шаҳрвандон, корхонаю муассисаҳо:                  маҳдуд гардидани имконияти гирифтани қарзҳои бонкӣ аз тарафи мизоҷон;                  афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум ва тарофаҳои хизматрасонии коммуналӣ;                  коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ;                  ихтисори ҷоиҳои кории мавҷуда ва коҳиши ҷоиҳои нави корӣ;                  шиддатнокии бозори меҳнат аз ҳисоби ихтисори муҳоҷирони меҳнатӣ;                   таназзули маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба бонкҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд;                  ноором гардидани вазъи иҷтимоии ҷомеа ва ғайра.                 Ба мақсад мувофиқ мебуд, ки сохтори зиддимонополии давлатй, назоратро ҷиҳати нархгузории маҳсулоту таруфаҳои хизматрасонии коммуналӣ пурзӯр намуда, бо назардошти паст будани қобилияти харидории музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳо, нархи маҳсулоти зерин, ба монанди орд, равған, биринҷ, шакар, чой ва маҳсулоти ширии кӯдаконро зери назорати доимӣ қарор диҳад.                 Аз бонкҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки вазъи бӯҳрони молиявиро ба назар гирифта, фоизи ставкаҳои бонкии қарздиҳиро баланд набардошта, барои гирифтани қарзҳои бонкӣ ба ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандон мамониат нанамуда, масъалаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои бонкиро барои дарёфт намудани қарзҳо соддатар намоянд.                Аз корфармоёну соҳибкорони ватанӣ хохиш карда мешавад, ки дар ин давраи тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон аз ихтисор намудани ҷоиҳои корӣ худдорӣ намуда, роҳҳои барқарор ва таъсис додани ҷойҳои нави кориро ҷустуҷӯ карда, ба паст намудани музди меҳнат, сари вақт напардохтани маоши кормандон роҳ надода, барои пушонидани карзҳои музди меҳнат чораҳои мушаххас андешанд.                Ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии дохилӣ ва арзон намудани нархҳои маҳсулоту хизматрасониҳо аз фаъолияти хайрхоҳонаю башардӯстонаи ҳамаи Шумо нисбат ба табақаи камбизоати кишвар, алоқамандии зич дорад.                Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба сари мардуми азияткашидаи Тоҷикистон боз як имтиҳони ҷиддӣ ва мушкилеро таҳмил намуд ва танҳо дар сурати фаъолу барқарор сохтани истеҳсолоти ватанӣ, меҳнати самарабахш, муттаҳидию ҳамраъйии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ дар назди мардуми кишвар, дарки дурусти вазъияти бавуҷудомада, муносибати хайрхоҳонаю некбинонаи табақаҳои доро нисбат ба мардуми камбизоат, мо метавонем бе талафоти зиёде аз имтиҳони навбатӣ ва оқибати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ раҳоӣ ёбем.                 Муроҷиатномаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, 6 феврали соли 2009 қабул шудааст.

Февраль 20, 2009 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд