ОЗМУНИ ДРАМАНАВИСОН

Февраль 13, 2009 11:36

                  Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо фармони вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ Озмуни ҷумҳуриявии драмманависон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» гузаронида мешавад. Аз маркази матбуоти вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақсади озмун дарёфти асарҳои беҳтарини драмавӣ мебошад. Аз рӯи шартҳои озмун асарҳои пешниҳодшуда бояд дар мавзӯъҳое таълиф карда шаванд, ки дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият ифода карда тавонанд. Асарҳои бо забони ӯзбекӣ ва русӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд.                Асарҳо ба озмун то 1 маи соли 2010 қабул карда мешаванд. Асарҳои беҳтаринро Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг бо роҳи раъйдиҳии пинҳонӣ муайян мекунад. Ин асарҳо дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва дар ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта мешаванд.                Барои ғолибони озмун мукофотҳои зерин муқаррар карда шудаанд:                ҷои аввал- 2000 доллари ИМА                 ҷои дуюм -1500 доллари ИМА                ҷои сеюм — 1000 доллари ИМА                 Ба ғолибон инчунин дипломҳои Вазорати фарҳанг ва ба иштирокчиён се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ бо маблағи 500 доллари ИМА супорида мешаванд.                 Озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2010 ҷамъбаст карда мешавад.  

Февраль 13, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад