САРБОЗОНРО БО ТӮҲФАҲО САРФАРОЗ КАРДАНД

Февраль 24, 2009 09:18

                  Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). Бахшида ба 16 -умин солгарди артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод бо комиссариати ҳарбии қисми низомии 13483 ноҳияи Восеъ ҳамчун туҳфаи идона маводи хӯрока ба маблағи 2500 сомонӣ, аз ҷумла равған, биринҷ, обҳои нӯшокӣ, сабзавот ва дигар маводҳо тақдим карда шуд.                   Мудири шӯъбаи маънавиёти ноҳия Абдураҳим Зарифов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия низ ба 40 нафар сарбозон кӯмаки моддӣ расонданд.                  Мавриди зикр аст, ки аз тарафи ҷамоати деҳоти Кӯлчашма ба қисми ҳарбии 2931 деҳаи Шовуни ноҳияи Шӯробод низ маводи хӯрока ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Дар ҳамаи ин қисмҳои ҳарбӣ ҳамзамон ҷиҳати болидахотирии сарбозон базмҳои консертӣ ташкил карда шуданд.  

Февраль 24, 2009 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст