ШУДГОРИ БЕ НУРИҲОИ МИНЕРАЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Февраль 27, 2009 10:49

                 Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини вазири кишоварзӣ Ш.Раҳимназаров, хоҷагиҳои ноҳияҳои Балҷувон, Норак ва Сарбанд шудгори заминҳоро пурра ба охир расониданд. Ноҳияҳои Шӯрообод, Ховалиг, Данғара, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Мӯъминобод ва Ёвон шудгори заминҳоро ба андозаи 81,7 ва 96,3 фоиз иҷро карданд. Ноҳияҳои Ҷиликӯл, Ҷ.Румӣ, Қумсангир, Панҷ ва Фархор бошанд, шудгори заминҳоро ҳамагӣ 44,5 ва ё ба андозаи 56,6 фоиз иҷро кардаанд.                  Шудгори заминҳои пахта дар хоҷагиҳои вилоят 67,3 фоиз иҷро гардидааст.                    Боиси таассуф аст, ки ноҳияҳои Сарбанд, Ҳамадонӣ, Восеъ Кӯлоб шудгори заминҳои пахтаро 85,5 ва ё ба қадри 100 фоиз иҷро карда бошанд ҳам, аммо пеш аз шудгор ба заминҳои шудгор кардашуда нуриҳои минералӣ дода нашудааст.

Февраль 27, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад