СОКИНОНИ ДУШАНБЕ БА ЯРМАРКА-ФУРӮШИ ГУЛУ НИҲОЛҲО ТАШРИФ МЕОРАНД

Февраль 20, 2009 15:58

                  Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 феврал соати 8-и субҳ дар Боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт ярмарка-фурӯши ниҳолу бутта, дарахтони ороишӣ, тухмию кӯчати гулҳои аз ҷониби сохторҳои Сарраёсати ободонии пойтахт парварида ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.                  Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ярмаркаи мазкур бо ибтикори Сарраёсати ободонии пойтахт ташкил карда шуда, сокинони пойтахт имкон доранд, ки бо истифода аз ярмарка ва интихоби ниҳолу бута ва дарахтони ороишӣ, тухмию кӯчати гулҳо дар ободонию сабзу хуррам гардонидани муҳити зисташон ва умуман пойтахт саҳми босазо гузоранд.  

Февраль 20, 2009 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд