ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ЯМАН БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 20, 2009 17:29

                   Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ 26 феврал барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ зимни сафар бо роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Дар ҷараёни мулоқотҳо асосан масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ мешаванд.                   Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта ба Ҷумҳурии Яман сафари расмӣ анҷом дода буд. Ин сафари нахустини Сардори давлати Тоҷикистон ба ин мамлакати қадима буд. Дар ҷараёни сафар масъалаҳои ба роҳ андохтани ҳамкории ҳар ду мамлакат ва тақвияти муносибатҳои онҳо муҳокима шуданд.                    Ҳамон вақт сарони ҳар ду давлат паймон карда буданд, ки ҳамкории духтурони тоҷик ва муассисаҳои тиббии Яман бояд мустақиман бе иштироки миёнаравҳо ба роҳ монда шавад.                    Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ паймон карда буданд, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Санъо консулхонаи ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шавад. Роҳбари Яман дар робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад дастури дахлдор хоҳад дод.                   Дар фарҷоми гуфтушунид чор ҳуҷҷати ҳамкорӣ — Созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Яман дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои маорифи ҳар ду кишвар ва меморандуми ҳусни тафоҳуми машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат имзо шуданд.                   Ҳамон вақт Президенти Тоҷикистон Алӣ Абдулло Солеҳро даъват карда буд, ки ба Тоҷикистон расман ташриф орад.                                                                                                                                    Тарҷумон — Қудратов А

Февраль 20, 2009 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд