ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БА БИШЕКЕК МЕРАВАНД

Февраль 6, 2009 14:49

                   Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Аз 9 то 10-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ба хотири гиромидошти ҷанговар-интернатсинал Витали Гордеев баргузор мегардад. Ин мусобиқа ба 20-умин солгарди баровардани қӯшунҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон бахшида шудааст.                     Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи СКА намояндагӣ мекунад. Ба ҳайати дастаи мазкур Олим Зикаев (62 кг), Ҳотам Ашӯров (68 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг) ва Сарфароз Сарфарозов (74 кг) шомиланд.                    Дар мусобиқа, ки маротибаи 22-ум баргузор мегардад, варзигарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат хоҳанд кард.

Февраль 6, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд