ЯТИМОН ЁДИ МОДАР МЕКУНАНД

Февраль 13, 2009 13:15

                    Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар мактаб-интернати ятимони ноҳияи Фирдавсӣ беш аз 150 нафар ба тарбия фаро гирифта шудааст. Тифлони мактаб-интернати ятимон 15 нафарӣ дар 10 гурӯҳ зери тарбияи мураббиён қарор доранд. Дар интернат бачагон аз синни 4 то 8 солагӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, сипас ҷиҳати идомаи таълим ба мактаб- интернатҳои махсус фиристода мешаванд.                   Як қисми тарбиягирандагон норасоии рӯҳӣ ва нутқи инкишофнаёфта доранд, ки ба онҳо дефектологҳо ва логопедҳо машғулиятҳои алоҳида мегузаронанд.                   Аксари ятимони ноқисулақл соҳиби нутқи бурро гардидаанд, ки хизмати мутахассисон-дефектолог ва логопедҳо мебошад.                   Бачагоне, ки чун ятим тарбия меёбанд ва аз падару модар бо сабабҳои гуногун ҷудо шудаанд, бо ҳар шахси ба мактаб воридшуда, бо нигоҳи маҳзунона нигариста дар симои он падару модари худро меҷӯянд.

Февраль 13, 2009 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад