ҚАРЗҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ, ШАКЛИ БЕҲТАРИНИ ҚАРЗДИҲӢ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Аз ибтидои соли 2009 сар карда, шумораи ашхоси ба қарзҳои истеъмолӣ ниёз дошта меафзояд. Бино ба иттилои сардори филиали «Агроинвестбонк»-и шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Аҳроров, соли 2008 қарзҳои дар бахшҳои гуногун додаи бонки мазкур ба аҳолӣ беш аз 8 млн. сомониро ташкил додааст.Филиали «Агроинвестбонк» шакли нави қарздиҳӣ — қарзи истеъмолиро ҷорӣ намуд. Асосан аз ин навъи қарздиҳӣ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мебаранд. Соли 2008 барои қарзҳои истеъмолӣ беш аз 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ дода шудааст, ки аз ин 827 ҳазорашро роҳкирои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил додааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






