АМРИКО БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДӢ МЕДИҲАД

Март 31, 2009 11:51

                    Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои рӯзномаи «Ню — Йорк Таймс» бо мақсади ҳалли мушкилоти нарасидани низомиён ва зиёд кардани сафи онҳо дар Амрико барномае бо номи «green card» (корти сабз) роҳандозӣ шудааст. Тибқи ин барнома ба ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ, ки ду сол дар Амрико зиндагӣ намуда дар донишгоҳу таълимгоҳҳои он таҳсил мекунанд, эълон гардидааст, ки ҳангоми хизмат дар сафи қувваҳои низомӣ бо гузашти шаш моҳ шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда метавонанд.                    Аммо андешаҳо дар ин бора мухталифанд. Чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Амрико таҳсил мекунанд, хоҳиши дар сафҳои низомиёни ин кишвар хизмат карданро доранд, аммо барои дар давлатҳои исломӣ ба хизмат рафтан розӣ нестанд.                     Ҷавонони Амрикои Лотинӣ умуман дар сафи низомиёни Амрико хизмат кардан намехоҳанд.Тибқи ҳамин барнома, ҳар сол беш аз 14 ҳазор ҷавонон дар сафи низомиёни Амрико хизмат мекунанд.  

Март 31, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд