ДОНИШҶӮЁН БО ИДРОРПУЛИИ МАХСУС САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо донишҷӯёни ноҳияи Тоҷикобод, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олии пойтахт таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор гардид. Дар он вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Ҳамидулло Фақиров, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов, омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт иштирок намуданд. Дар мулоқот сухан дар бораи таҳсили донишҷӯён ва сатҳи дониши онҳо рафт. Зикр гардид, ки нисбат ба солҳои гузашта, сифати донишандӯзии донишҷӯён хеле беҳтар гардидааст ва онҳо имрӯз бо хобгоҳ таъминанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Марҳабо Олимова хабар дод, 4 нафар донишҷӯёни аълохон, сазовори идрорпулии махсуси таъсиснамудаи раиси ноҳияи Тоҷикобод гаштанд. Мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни ноҳияи Нуробод, пагоҳ 31 март дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ доир мегардад.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






