ГИРДИҲАМОИИ МУХОЛИФИНИ ҲУКУМАТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БИШКЕК

Март 28, 2009 10:40

                      Бишкек, 28 март (АМИТ «Ховар» — Са — Нюс). — Дирӯз дар пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек гирдиҳамоии тарафдорони Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ баргузор гардид. Намоишгарон ба президент ва ҳукумати мамлакат шаш талаби худро пешниҳод намуданд. Онҳо, аз ҷумла, талаб карданд, ки 50 фоизи аъзои комиссияҳои интихобот аз ҷумлаи намояндагони мухолифин таъин карда шаванд, 50 фоизи намояндагони мухолифин ба мақомоти қудратӣ ва интизомӣ шомил карда шаванд, дар мамлакат интихоботи шаффоф гузаронида, таъқиботи сиёсии мухолифин қатъ карда шавад ва ғайра. Барои иҷрои талаботи мазкур ба президенти кишвар Қ.Боқиев то 20 апрел мӯҳлат дода шуд.                      Вазири собиқи мудофиаи Қирғизистон Исмоил Исҳоқов изҳор намуд, ки агар мақомоти мамлакат талаботи мухолифинро то 20 апрел иҷро накунанд, гирдиҳамоии бемӯҳлат ташкил карда хоҳад шуд. Вай қайд кард, ки рӯйхати талаботи мухолифин баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ба президенти ҷумҳурӣ фиристода шуд.  

Март 28, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст