КИТОБИ НАВИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). Лоиҳаи китоби нави гурӯҳи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низоми илман асоснокшудаи пешбурди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзии ҶТ барои чоп намудан тавсия дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахассисони вазорати кишоварзии ҶТ дар ҳаҷми 500 саҳифа таҳия гардидааст. Дар он моҳияти соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ аз ҷиҳати назариявӣ, амалӣ бо назардошти хусусият ва шароитҳои агроиқлимии ҶТ кушода дода шудааст. Ҳар як бахши китоб аз ҷониби олимони ҳар соҳа дар асоси таҷрибаҳои илмию амалии бисёрсолаи онҳо бо назардошти натиҷаҳои озмоишу санҷишҳо ва нишондодҳои мушаххас таълиф шудааст, ки ин арзиши китобро дучанд мегардонад. Бахусус муаллифон кушиш намудаанд, ки вазъи имрўзаи иқтисодӣ, талаботи хоҷагиҳо, ҷомеа ва ояндаро ба инобат гиранд. Дар китоб масъалаҳои таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, афзун намудани иқтидори иқтисодии корхонаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси технологияи пешқадам, раҳоӣ аз танқисии беобӣ ва беҳтар сохтани ҳолати ғайри қобили кишт гардида таҳлил карда шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






