МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ Э. РАҲМОН
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ, прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо талаб намуд, ки пеш аз ҳама худашон дар риояи тартиботи ҳуқуқӣ намунаи ибрат буда, дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.Роҳ надодан ба коррупсия ва муборизаи беамон бурдан бо ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои асосӣ ва пурмасъулияти кормандони тамоми сатҳу зинаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маънидод гардид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин назорати қатъии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи бечуну чарои онро аз ҷониби худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намуд ва таъкид дошт, ки қонуни мазкур, хусусан дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷавобгӯйи манфиатҳои моддии тамоми табақаҳои аҳолӣ аст. Аз ҳайати роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфаю сариштакорона истифода баранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






