МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Март 2, 2009 16:45

                  Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар зарфи ду моҳи гузашта машварати корӣ доир намуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши шахсони масъулро оид ба нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ, рафти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва такрорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ шунида, ба онҳо оид ба ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа супоришҳои мушаххас дод.                  Дар мавриди таҷлили иди Наврӯз дастур дода шуд, ки чорабиниҳои идона бояд бештар ба тарғибу ташвиқ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановат ва расму ойини пурифтихори ниёгон нигаронда шуда, сарфаю сариштакорона гузаронда шаванд.                  Таъкид гардид, ки барои саривақту босамар ташкил намудани кишти баҳорӣ ва дар 160 ҳазор гектар замин гузарондани кишти такрорӣ бояд аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад.

Март 2, 2009 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид