«МОСКОВСКАЯ ПРАВДА» ДАР БОРАИ КОРУ ЗИНДАГИИ МУҲОҶИРИН НАҚЛ МЕКУНАД

Март 28, 2009 10:41

                       Маскав, 28 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Сармуҳаррири яке аз нашрияҳои маъруфи пойтахти Русия «Московская правда» Шод Муллоҷонов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки нашрияи мазкур қарор додааст, минбаъд дар бораи кору зиндагии намояндагони миллатҳои гуногун дар Федератсияи Русия хабару мақолаҳо чоп кунад. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар Маскав ба масъалаҳои миллӣ ва муносибати байни миллатҳо аҳамияти калон дода мешавад. Нашрияҳои миллӣ дар бобати ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷир саҳми калон гузошта метавонанд, гуфт Ш.Муллоҷонов.                       Нашрияи «Московская правда» бо вуҷуди бӯҳрони молиявӣ ният дорад, проблемаҳои миллиро ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Ба ақидаи Ш.Муллоҷонов, бо ин мақсад мутахассисон, хабарнигорон, хонандагон ва намояндагони ҷамъиятҳои гуногуни миллӣ истифода бурда мешаванд. Ба инобат гирифтани фикру ақидаи онҳо барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда аҳамияти калон дорад, гуфт сармуҳаррири нашрия.                        Раиси Кумитаи равобити байниминтақавӣ ва сиёсати миллии ҳукумати Маскав М. Соломенцев зикр кард, ки маҳз журналистон бояд проблемаҳои ҷамъиятҳои миллиро ба таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон расонанд. Айни ҳол мақомоти ҳукумат аз проблемаҳои зиндагию кори коргарони муҳоҷир пурра огоҳ нестанд, гуфт вай.                        Ш.Муллоҷонов афзуд, ки тибқи нақша бо намояндагони ҷамъиятҳои миллӣ мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, чунин мулоқот моҳи апрел бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои миллии тоҷикон ба нақша гирифта шудааст. Раиси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» А.Давлатов ташаббуси нашрияи «Московская правда» — ро маъқул дониста, зикр намуд, ки он обрӯю эътибори ҷамъиятҳои миллиро баланд бардошта, барои ҳалли проблемаҳои онҳо кӯмаки калон хоҳад расонд.                                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.  

Март 28, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст