МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО А. БОБОҶОН

Март 30, 2009 10:24

                   Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ зимни сафари кории худ ба Маскав бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Бобоҷон мулоқот кард. Мусоҳибон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва натиҷаҳои дар амал татбиқ намудани паймонҳои зимни сафари Алӣ Бобоҷон ба Тоҷикистон соли 2008 ба даст омадаро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат, инчунин, масъалаи сафари ояндаи расмии президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон ва омодагӣ ба мулоқоти Созмони конфронси исломӣ дар соли 2010 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                 Ҳамрохон Зарифӣ, инчунин, бо Муншии умумии Созмони конфронси исломӣ Э.Эҳсонӯғлӣ мулоқот анҷом дод. Зимни ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СКИ ва нақшаҳои ояндаи он муҳокима шуданд.  

Март 30, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд