МУЛОҚОТИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Март 5, 2009 10:50

                 Хуҷанд, 5 март (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти котибони Шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод, директори Агентии заминсозӣ, геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати мамлакат Маҳмадтоҳир Зокиров ва дигарон ширкат варзиданд. Ба ҳайати Қирғизистон дар мулоқот котиби Шӯрои амнияти ин мамлакат Одохон Мадумаров роҳбарӣ кард.                  Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод қабл аз оғози мулоқот зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи истифодаи об барои обёрии зироат ягон проблема вуҷуд надорад. Масъалаи асосии гуфтушунид муҳокимаи ҷараёни иҷрои созишнома мебошад, ки онро сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев 16 майи соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд имзо карда буданд.                   Мудири шӯъбаи масъалаҳои мудофиа ва тартиботи қонуни маъмурияти вилояти Боткент Бахтибек Соғинбеков зикр намуд, ки дар ҷараёни гуфтушунид проблемаҳои истифодаи об, истифодаи муштараки чарогоҳҳо ва сохтмони баъзе корхонаю муассисаҳо дар минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ баррасӣ карда мешаванд.

Март 5, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд