МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО

Март 10, 2009 09:18

                    Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бахшида ба иди касбии рӯзноманигорони тоҷик — Рӯзи матбуоти тоҷик чорабиниҳои гунон доир мегарданд. Бо ин мақсад, 9 март раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо собиқадорони матбуот, кормандони нашриёту матбааҳо ва намоянадгони расонаҳои хабарии хориҷию дохилии вилоят мулоқот намуд. Нахуст Қоҳир Расулзода кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбиашон табрик намуда, изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир мардум дар симои рӯзноманигор мададгор ва пуштупаноҳи худро мебинанд. Аз ин рӯ, бештари маврид мардум тариқи расонаҳои хабарӣ барои ислоҳи хатову камбудиҳо ба масъулин муроҷиат мекунанд.                   Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар фарҷоми ҷамъомад раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иддае аз собиқадорони матбуот ва кормандони расонаҳои хабарии давлативу мустақилро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонид.                   Тантанаҳо бахшида ба иди касбии рӯзноманигорон то 11 март идома карда, дар назар аст, ки имрӯз, озмуни вилоятии рӯзноманигори ҷавон «Хомаи заррин» ҷамъбаст карда шавад.  

Март 10, 2009 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст