МУСОДИРАИ СИЛОҲИ ОТАШФИШОН ДАР ХАТЛОН
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон силсилаи чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯиро амали намуда, дар худуди ҷамоати Ваҳдати шаҳри Сарбанд як пинҳонгоҳи яроқу аслиҳаро ошкор сохтанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар натиҷаи азназаргузаронии ин махфигоҳ 2 автомати Калашников, 6 таппонча, 11 адад яроқи шикорӣ, 2 гранатомёт, 6 норинҷак, 7 адад асбоби тарканда, зиёда аз як ҳазору 500 дона тирҳои қутрашон гуногун, 23 қуттӣ бо 800 противогаз ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ин самт алҳол чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ идома дорад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






