РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Март 31, 2009 09:37

                    Хуҷанд, 31 март. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- 28 март дар Хуҷанд иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони мардумии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он ҳамроҳи вакилони мардумӣ раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаи рафти иҷрои барномаи давлатии мақсадноки рушди соҳаи боғу токпарварӣ муҳокима шуд. Қайд гардид, ки дар чаҳорчӯбаи барнома дар вилоят 4279 гектар боғу токзори нав бунёд карда, 1225 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуд.                     Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки соли равон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» дар масоҳати бештар аз 390 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Тибқи барнома дар вилоят 4,2 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонда шуд.                      Соли 2008 дар вилояти Суғд зиёда аз 100 ҳазор тонна сабзавоту мева ҷамъ оварда, 85 ҳазор тоннаи он ба мамлакатҳои дигар фиристода шуд. Аз ҳисоби фурӯши сабзавоту мева 30, 4 миллион доллари ИМА ба даст омад. Инчунин, дар вилоят зиёда аз 66 миллион банкаи шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол карда шуд. Солҳои охир дар вилоят бори аввал дар фасли зимистон қариб 16 ҳазор тонна помидору бодиринг парвариш карда шуд.Раиси вилоят изҳор намуд, ки бо вуҷуди ин дар соҳаи боғу токпарварӣ камбудиҳо зиёданд. Масалан, ҳосилнокии боғҳои хусусӣ 60 сентнер ва боғҳои ҷамъиятӣ 16 сентнерро ташкил медиҳад. Зичии дарахтон низ ба талаботи агротехникӣ мувофиқат намекунад. Мо бояд аз имкониятҳои маҳаллӣ истифода бурда, ҳаҷми содироти меваю сабзавотро афзунтар созем. Танҳо бо ҳамин роҳ таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ камтар ва шароити зиндагии мардум беҳтар карда мешавад, гуфт раиси вилоят.

Март 31, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст