СЕ АГРЕГАТИ НБО «ҚАЙРОҚҚУМ» АЗ КОР БОЗДОШТА ШУД

Март 5, 2009 10:51

                    Душанбе, 5 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Роҳбари дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки се агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» барои пур кардани оби обанбори нерӯгоҳ аз кор боздошта шуд.                    Ёдовар мешавем, ки зимни маҷлиси дуюми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон 18 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ҷадвали пур кардани оби обанбори «Қайроққум» ва сар додани оби он мувофиқа карда шуда буд. Тибқи паймони ба даст омада ҷониби Тоҷикистон обанбори «Қайроққум» — ро то 30 май бо об пур мекунад. Баъди пур шудани обанбор оби он барои қонуъ гардондани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон дар ҳар сония аз 300 то 600 метри мукааб сар дода хоҳад шуд.

Март 5, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд