ШУДГОРИ ЗАМИНҲОИ ПАХТА 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Март 4, 2009 10:40

                   Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои муовини вазири кишоварзӣ Шукрулло Раҳимназаров, тибқи дурнамои вазорати мазкур, соли ҷорӣ майдони кишти пахта ба 237 ҳазору 112 гектар расонида мешавад.                  То 2-юми март дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба андозаи 190 ҳазору 729 гектар заминҳои пахта шудгор карда шудаанд, ки ин баробари 80,4 фоизи нақшаи дурнамои вазоратро ташкил медиҳад.                  Шудгори заминҳои пахта дар вилояти Суғд аз 69 ҳазору 665 гектар 50 ҳазору 914 гектар ё баробари 73,1 фоиз, дар вилояти Хатлон аз майдони 152 ҳазору 827 гектар 125 ҳазору 190 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 14 ҳазору 620 гектар замини барои кишти пахта ҷӯдошуда 100 фоиз шудгор карда шудааст.

Март 4, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад