СИТОД ОИД БА КИШТИ БАҲОРӢ ТАЪСИС ЁФТ
Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов роҳбарони раёсати растанипарварӣ, Пажӯҳишгоҳи «Зироаткорӣ ва боғдорӣ»-и Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар муассисаҳои зертобеи вазоратро вазифадор намуд, ки дар таъмини чигити тухмӣ, тухми сабзавот, картошка, зироатҳои хӯроки чорво ва ниҳолҳои навъи серҳосил ва ба касалиҳо тобовар, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ҷидду ҷаҳд намуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ёрии амалӣ ва методӣ расонанд,- иброз дошт сардори маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба мухбири АМИТ «Ховар» Таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов оид ба ташкил ва гузаронидани кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ ситод таъсис дода шуд.