СИЁСАТИ НАВИ СТРАТЕГИИ ИМА ДАР АФҒОНИСТОН
Вашингтон, 28 март. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Намояндаи Қасри Сафед Роберт Гибс изҳор намуд, ки президенти мамлакат Барак Обама баъди машваратҳои тӯлонии думоҳа 27 март сиёсати нави стратегии маъмурияташро дар Афғонистон эълон намуд. Мувофиқи барномаи нави маъмурияти ИМА, ба Афғонистон қувваҳои нави низомӣ фиристода, фаъолияти қувваҳои амниятии худи Афғонистон беҳтар намуда, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки силоҳбадастони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифини Афғонистон то ҳадди имкон бештар ба меҳнати осоигшта баргардонда шаванд. Тавре ки маълум аст, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷунбиши «Толибон» ва созмони «Алқаёда» фаъолияти худро дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистону Покистон густариш дода, бисёр вақт ба қисмҳои ҳарбии ҳукуматии Афғонистон ва ҷузъу томҳои посдори сулҳи байналхалқӣ ҳуҷум меоранд. Дар натиҷа вазъияти мамлакат торафт бештар муташанниҷ ва ноором мегардад. Барак Обама баъди президенти ИМА интихоб гардиданаш нисбати сиёсати стратегии ИМА дар Афғонистон ва Покистон таҷдиди назар ба амал овард. Вай қарор дод, ки аскарону афсарони амрикоиро аз Ироқ бароварда, ба Афғонистон фиристад. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳҳои оянда ба Афғонистон ба таври илова 17 ҳазор аскару афсари амрикоӣ фиристода мешавад. Айни ҳол дар ин мамлакат тақрибан 34 ҳазор хизматчии ҳарбии амрикоӣ ҷой дода шудааст.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






