ТӮҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА КИТОБХОНАҲО

Март 30, 2009 13:59

                     Қӯрғонтеппа, 30 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои вилояти Хатлон дар асоси дастурҳои президенти кишвар дар бораи ғанитар гардондани ганҷинаи китобхонаҳои маҳаллӣ тадбирҳои судбахш меандешанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов чанд рӯз пеш аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи маркази вилоят 300 ҷилд китоб тӯҳфа кард. Инчунин, кумитаҳои вилоятии кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила ба китобхонаҳои шаҳрию вилоятии Қӯрғонтеппа мувофиқан 300 ва 1510 ҷилд китоб тӯҳфа карданд.                     Раёсати маорифи вилоят ба китобхонаи мактабҳо 230 ҷилд китоб тӯҳфа намуд. Ба қавли мутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Нарзулло Олимов, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю муассисаҳо ин ташаббуси некро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Дар натиҷа хазинаи китобхонаҳо торафт бойтар мегардад, гуфт вай.

Март 30, 2009 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад