ТОҶИКИСТОН ДАР МАВРИДИ МУБТАЛОЁНИ ДИАБЕТИ ҚАНД ҚОНУН ҚАБУЛ МЕКУНАД

Март 31, 2009 09:38

                     Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид.                     Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд», «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол» муҳокима шуданд.                     Зимни баррасии масъалаҳои мазкур, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Додихудо Саймиддинов, Маҳбуба Нуриддинова, Гулчеҳра Бозорова ва Мирзошариф Исломиддинов зикр карданд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур ҷиҳати татбиқи ислоҳоти бахши маорифи кишвар, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоии диабети қанд, баланд бардоштани сатҳи иқтисодии мамлакат ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихии ҷумҳурӣ муосидат менамоянд.                     Ҳамзамон, аъзои Шӯро Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза бо тасарруфи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таъмини баргардонидани онҳо, Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба имтиёз ва масуниятҳои Агентии байналмилалии оид ба энергияи атомӣ ва дигар санадҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

Март 31, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст