«ТОҶИКТЕКСТИЛМАШ» ДАРХОСТ ҚАБУЛ МЕКУНАД

Март 30, 2009 11:09

                Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Баробари сар шудани корҳои саҳроӣ фармоишгарон барои қисмҳои эҳтиётии мошинҳои кишоварзӣ ба корхонаи калонтарини мошинолоти ҷумҳурӣ — «Тоҷиктекстилмаш» дархост пешниҳод мекунанд.               Бо дархости «Агролизинг» «Тоҷиктекстилмаш» ба истеҳсоли сипорҳои такмилёфта оғоз кард. Корхона тибқи дархост дар навбати аввал 32 сипор барои тракторҳои навъи тасмачарх истеҳсол мекунад.Корхона бо «Агролизинг» дар бораи истеҳсоли сихмола ва ғаллакӯбак шартнома ба имзо расонданист.                Ба гуфти ҷонишини директор оид ба корҳои истеҳсолӣ Комил Сангаков, дар асоси дархост маҳсулоти корхона нисбатан арзон дастраси хоҷагидорон гардонида мешавад. Ба наздикӣ аввалин култиватор дар станстсияи таҷрибавии ҷумҳурӣ аз санҷиш мегузарад ва имконияти ба таври васеъ ба роҳ мондани он дар истеҳсолот вуҷуд дорад.

Март 30, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад