ТОҶИРИ МАЪРУФИ ТОҶИК БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ САЗОВОР ГАРДИД

Март 3, 2009 11:04

               Маскав, 3 март (АМИТ «Ховар» — ТОҶИНФО.Ру). — Охири моҳи феврали соли равон дар меҳмонхонаи «Президент — отел» — и Маскав маросими супоридани ҷоизаҳои гуногуни созмони байналхалқии назарсанҷии «Роҳбарони ташаббускори асри ХХ1» баргузор гардид. Роҳбари ширкати «Нур» — и Тоҷикистон, тоҷири маъруф ва сарпарасти ташаббусҳои фарҳангӣ Нурулло Усмонов ба мукофоти олии созмони мазкур — дипломи «Барои комёбиҳои тахассусӣ дар ҷаҳони имрӯза ва саҳми калон дар рушди зеҳнии ҷомеа» сазовор дониста шуд. Ба муассисае, ки Нурулло Усмонов роҳбарӣ мекунад, барои шӯҳрати бенуқсон дар олами тиҷорат ва сифати олии маҳсулоту хизматрасонӣ ҷоизаи «Юзи заррин» дода шуд.               Нурулло Усмонов ба роҳбарияти созмони байналхалқии назарсанҷии «Роҳбарони ташаббускори асри ХХ1» барои эътирофи хизматҳояш миннатдорӣ баён карда, зикр намуд, ки ин пеш аз ҳама хизмати тамоми соҳибкорону тоҷирону Тоҷикистон ва шахсан Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро ширкати «Нур» ба туфайли кӯмакҳои ҳамешагии Сарвари Давлат дар мубориза барои ободию пешрафти иқтисодиёти мамлакат ба ин дастовардҳо ноил гардид.                Нурулло Усмонов зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Тоҷинфо» дар бораи фаъолияти ширкат нақл кард. Қайд карда шуд, ки ширкати «Нур» соли 1990 дар заминаи кооперативи «Бунёдкор» ташкил карда шуд. Онро баъдан ба ширкати бисёрсоҳаи илмию техникии «Нур» табдил доданд. Ширкат фаъолияти худро дар соҳаҳои истифодаи самарабахши гази табий, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, масолеҳи бинокорӣ, тиб ва маориф ба роҳ монд.                 Ба қавли Н.Усмонов, ширкати «Нур» яке аз созмонҳои муттасил тараққикунандаи Тоҷикистон мебошад, муомилоти солонаи маблағҳои он ба миллионҳо сомонӣ мерасад. Ширкат барномаҳои худро амалӣ сохта, дар иҷрои нуктаҳои асосии Барномаи давлатии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат саҳми калон мегузорад. Айни ҳол дар ширкат бештар аз 1000 нафар коргарону мутахассисон фаъолият доранд.                Нақшаҳои мо дар бобати рушди минбаъдаи тиҷорат дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ хеле калонанд, гуфт Н.Усмонов. — Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ширкат — ҳамдилии иҷтимоӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, мамлакати мо солҳои ҷанги дохилӣ ба проблемаҳои хеле калони иҷтимоӣ, аз ҷумла, тиббӣ рӯ ба рӯ гардид. Бинобар ин мо аз рӯзҳои аввали ташкили ширкат ба ҳалли масъалаҳои расондани кӯмаки тиббӣ ва бо таҳсил фаро гирифтани фарзандони оилаҳои камбизоат диққати асосӣ додем. Бо ин мақсад мактабҳо ва гимназияҳои хусусӣ ташкил намуда, ба онҳо омӯзгорони таҷрибадор ҷалб карда шуданд. Имрӯз бо камоли ифтихор гуфта метавонам, ки дастпарварони мактабҳои мо дар бисёр мактабҳои олии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар Тоҷикистон имрӯз силсилаи муассисаҳои тиббии ширкат фаъолият доранд. Яке аз онҳо маркази табобатию солимгардонии «Нур» мебошад, ки бо техника ва таҷҳизоти навтарини тиббӣ таҷҳизонида шудааст.                Муваффақиятҳои ширкат инчунин дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, сохтмон, савдо ва ғайра назаррасанд. Ҷамъияти саҳҳомии «Нурафшон» аз бисёр ҷиҳат ифтихори ширкат мебошад. Бо маблағи ҷамъияти мазкур дар майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд терминали байналхалқӣ сохта шуд.               Ширкати «Нур» охири соли 2008 ду корхонаи истеҳсоли гипсокартонҳои шифтӣ ва девориро ба истифода дод.                Маросими супурдани ҷоизаи байналхалқӣ ба Нурулло Усмонов ба рӯзҳои сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рост омад. Дар ширкати «Нур» умедворанд, ки зимни гуфтушунидҳои сарони ҳар ду давлат масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ва роҳу усулҳои нави самарабахши ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда мешаванд.                 Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:               Созмони байналхалқии назарсанҷии «Роҳбарони ташаббускори асри ХХ1» айни ҳол дар 28 мамлакати минтақаи Аврупою Осиё фаъолият дорад. Онро бисёр созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ, аз ҷумла, Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо, маркази таҳқиқоти талаботи бозори Аврупо, анҷумани байналхалқии соҳибони корхонаҳои саноатии Русия, анҷумани халқҳои славянии Белорусия, Русия ва Украина, Ассамблеяи соҳибкорону тоҷирони Русияю Украина ва ғайра дастгирӣ менамоянд.                 Барномаҳои созмон ҳар сол дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Урдун, Қазоқистон, Малта, Русия, Арабистони Саудӣ, Сурия, Швейтсария ва ғайра баргузор мегарданд. Соли 2007 дар барномаҳои созмон зиёда аз 7500 корхонаю муассисаи 30 мамлакати ҷаҳон ширкат варзид.                 Ҷоизаи ифтихории «Юзи заррин» — ро Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо, анҷумани байналхалқии соҳибони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони Русия ва Ассамблеяи тоҷирону соҳибкорони Украина бо мақсади мустаҳкам сохтани мавқеи тиҷорати ватанӣ дар миқёси ҷаҳон, афзун гардондани обрӯю эътибор ва рақобатпазирии маҳсулоту хизматрасонӣ дар арсаи байналхалқӣ таъсис додаанд.                 Ҷоизаи мазкур ба сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ, тоҷирону соҳибкорон, олимони машҳур, зиёиёни эҷодкор, ширкатҳо ва корхонаю муассисаҳое дода мешавад, ки фаъолияти онҳо дар миқёси байналмилалӣ эътироф карда шудааст.  

Март 3, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд