ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАИ САФИРИ ШВЕЙТСАРИЯ

Апрель 21, 2009 12:41

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Ниллен эътимоднома қабул намуд.                Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Ниллен, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «аз сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар» изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин кор ба саҳми Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд баҳои баланд дод.                  Стефан Ниллен изҳор дошт, ки «Швейтсария бо Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб муносибатҳои хуби стратегӣ дорад ва мо ба таҳкиму тавсиаи чунин муносибатҳо манфиатдорем».                 Кӯмакҳои Ҳукумати Швейтсария дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва дар гузарондани чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ намоён арзёбӣ гардид.                Ғайр аз ин аз фаъолияти созмони ғайриҳукуматии КАРИТАС ва Хазинаи Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо қаноатмандӣ зоҳир гардид.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро ҳамчунин «яке аз шарикони намоёни тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои боз ҳам баланд бардоштани ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот хеле зиёд аст».                 Стефан Ниллен аз омодашавии созишномаи дуҷониба дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукарата ёдоваршуда, иттилоъ дод, ки Швейтсария омодааст ҳамкориро бо сохторҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт, аз ҷумла баҳри истеҳсоли муштараки маҳсулоти саноатӣ густариш диҳад.                Иштироки доираҳои тиҷоратию соҳибкории Швейтсария ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикситон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои судбахши ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар маънидод карда шуд.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 21, 2009 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд