ҚАРОРИ НАВИ ҲУКУМАТ ОИД БА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Апрель 9, 2009 11:40

                 Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, қарори нав қабул намуд.                 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки татбиқи қарори мазкурро таъмин намоянд.                Бояд тазаккур дод, ки қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таҳия шуда, тартиби муқаррар намудани квотаро барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳoи алоҳидаи аҳолӣ муайян менамоянд.               Квота — қисми ҷойҳои кориест, ки ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидориашон барои ба кор таъмин кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, пешниҳод менамоянд.               Гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ — шахсони синни қобили меҳнат, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд.               Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ вазифадоранд, ки якҷоя бо намояндагони иттиҳодияҳои корфармоён ва иттифоқҳои касаба ҳар сол дар ташкилот, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ квота муқаррар намоянд.               Дар қарор гуфта мешавад, ки агар ҷойҳои кори ба тариқи квота муқарраршуда аз тарафи гурӯҳҳои аҳолӣ дар давоми як сол ишғол карда нашаванд, он гоҳ ин ҷойҳо соли дигар пешниҳод мегарданд.              Дар ҳолати истифода нашудани ҷойҳои кории ба тариқи квота муқарраршуда аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ касбомӯзонӣ ва бозомӯзонии ин гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ аз рӯи ихтисос ва касбҳои зарурӣ гузаронида шуда, онҳоро тибқи квотаи муқарраршуда ба ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ мефиристанд.             Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шаҳрвандонро дар бораи ҷорӣ кардани квота тавассути воситаҳои ахбори омма камаш ду моҳ пеш хабардор менамоянд.              Ба гурӯҳи шаҳрвандоне, ки тибқи квотаи муқарраршуда бо ҷои кор таъмин мегарданд, маъюбон, ятимони ноболиғ, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ озод шудаанд, шахсоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбӯрӣ озод шудаанд, волидони яккаву танҳо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кудакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд, волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд, шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидонашон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба ӯҳда доранд, шаҳрвандоне, ки барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст, шаҳрвандони то синни 18 сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристода шудананд, шомиланд. 

Апрель 9, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид