ҚАРЗҲОИ БОНКӢ ТАВАССУТИ СУДУ ПРОКУРАТУРА БАРГАРДОНИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини директори филиали «Тоҷиксодиротбонк»-и шахри Кӯлоб Сайфулло Абдулваҳобов, соли 2008 хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Кӯлоб аз ин филиал барои рушди кишоварзӣ ба андозаи 3,5 миллион сомонӣ маблағ қарз гирифтанд. То имрӯз ба филиали бонки мазкур ҳамагӣ 30 фоизи он баргардонида шудааст. Аз ин филиал соли 2008 хоҷагиҳои дехқонии «Давлат Раҳмон» ва «Неъмат» 450 ҳазор сомонӣ қарзи гирифтаашонро барнагардониданд. Бо гузашти се моҳ аз мӯҳлати муайяншуда филиали «Тоҷиксодиротбонк» муштариёнашро ба прокуратура кашид. Қазия мавриди санҷиш қарор дорад. Аллакай ғайримақсаднок истифода шудани маблағ исботи худро ёфтааст. Дигар тарафҳои сабаби напардохтани қарз мавриди санҷиш қарор дорад.