ҚОНУНШИКАНИҲО ДАР СОХТМОН ЗИЁД АСТ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли 2008 ва се моҳи соли ҷорӣ дар 61 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оид ба амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъморӣ» санҷишҳо гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо қонуншиканиҳои зиёде ошкор карда шуда, нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъморӣ» ба маблағи 230 ҳазору 923 сомонӣ ҷарима баста шудааст,- иброз дошт директори Агентии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов. Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 1200 ташкилоти сохтмонӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) фаъолият менамоянд. Ба замми ин 108 корхона бе иҷозатнома дар корҳои сохтмонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд ва бештари камбудиҳо дар фаъолияти онҳо ошкор карда шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






