ҚУРБИ ДОЛЛАР БОЗ БОЛО РАФТ

Апрель 17, 2009 14:37

                 Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари абӯбакр). — Дар давоми чанд рӯзи охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА боло рафта, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 — 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомонӣ поин рафт.                 Ҳамзамон, қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 0,1150-0,1160 ва 5,0900-5,1400 сомониро ташкил доданд.                 Мавриди зикр аст, ки вазъияти дар бахшҳои бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор ба миёномада, аз то андозае зиёд шудани талабот ба рубли русӣ дарак медиҳад, ки қурби миёнаи он дар сатҳи 0,1672 сомонӣ қарор гирифта, қурби миёнаи евро бошад, каме поён рафта, 5,1550 сомониро ташкил дод.                 Дар айни замон қурби хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 3,90-3,92 сомониро ташкил медиҳад.

Апрель 17, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд