ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧЕХИЯ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетский эътимоднома қабул намуд. Зимни сӯҳбат бо Роберт Капетский, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои барқарорсозии робитаҳои пештараи Тоҷикистону Чехия ва густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «сатҳи имрӯзаи ҳамкории ду кишвар ба имконоти мавҷуда мутобиқат намекунад». Иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои нави обӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосӣ барои густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва Созмони Милали Муттаҳид зоҳир гардид. Гуфтугӯйи судманд оид ба масоили вобаста ба мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа хоҳад буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






