ҲУКУҚИ ШАҲРВАНДИ ПОЙТАХТ БУДАНРО КӢ ДИФОЪ КУНАД?
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 18 -уми январи соли 2009 то имрӯз сокинони маҳаллаи Навобод аз барқ маҳруманд. Навобод яке аз маҳаллаҳои қисми шимолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад. Аҳолии ин маҳалла тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандии пойтахтро доранд ва бояд аз хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиётӣ, мусофиркашонӣ, обу барқ, ки барои тамоми сокинони пойтахт муқаррар шудааст, бархӯрдор бошанд. Бояд тазаккур дод, ки аҳолии ин маҳалла аз соли 1937 тобеи шаҳри Душанбе мебошад ва аз тамоми имтиёзҳои шаҳрвандии пойтахт истифода мекунанд. Ба гуфти сокинони ин махалла то соли 1997 аҳолӣ аз хатти барқи шаҳри Душанбе истифода мекард. Соли 1997 хатти барқи ин маҳалларо бо супориши кадом ҳокиме аз шаҳр ҷудо ва ба хатти барқи ноҳияи Варзоб пайваст намуда, мардумро ба мушкилоти нарасидани барқ гирифтор намуданд. Акнун аҳолии маҳалла талаб дорад, ки имтиёзҳои сокини пойтахт буданашон барқарор ва ба хатти аввалаи барқ пайваст шаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






