ҲУКУМАТҲОИ МАҲАЛЛӢ ДИЛСӮЗ НЕСТАНД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ раёсатҳои роҳсозӣ фаъолият намекунанд. То пош хӯрдани давлати Шӯравӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар раёсатҳои роҳсозӣ вуҷуд дошт, ки таъмиру назорати роҳҳои чӣ аҳамияти маҳаллӣ ва чӣ аҳамияти ҷумҳуридоштаро ба зимма доштанд. Акнун дар вилоятҳо идораҳои хоҷагии роҳҳо таъсис дода шудааст, ки дар ихтиёрашон на техника, на маблағ ва на масолеҳи роҳсозӣ доранд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ бошанд, барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо намекунанд. Бино ба гуфти сардори муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппа Баҳрулло Нуруллоев, ҳукуматҳои маҳаллии минтақаи Қӯрғонтеппа дар се моҳи соли ҷорӣ аз 331 ҳазору 117 сомонии барои таъмири роҳҳо пешбинишуда, ҳамагӣ 44 ҳазору 861 сомонӣ ҷудо намуданд, ки ин барои таъмири 3 километр роҳи аҳамияти маҳаллидошта басанда нест. Дар ин минтақа роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 2 ҳазору 900 километрро ташкил медиҳанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






