ҲУКУМАТИ ШАҲР ҲАМ ҲУҚУҚИ ҲАЗЛ КАРДАН ДОРАД

Апрель 1, 2009 11:26

                      Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои муовини сардори корхонаи воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе Ҳамзаалӣ Ғаниев, дар ин корхона 150 автобус ба сокинони пойтахт хизмат мерасонад.                      Тибқи реҷаи корӣ дар хатсайри Р3 — 28 автобус, Р18- 34 адад, Р8-36 ва Р29- 35 автобус ба тарзи мунтазам бояд ҳаракат намояд. Дар як рӯз барои ҳар як автобуси дар хатсайрбуда аз 60 то 70 литр сӯзишвории дизелӣ дода мешавад ва аз натиҷаи маҳсули кори он баъди анҷоми басти корӣ ба хазинаи корхона 270 сомонӣ пардохт карда мешавад.                      Корхона дар 3 баст фаъолият мекунад ва охирин автобус соати 23 вориди корхона мегардад.                      Тибқи иттилои ронандагон, сӯзишвории додашуда танҳо барои 4-5 даври гардиши хатсайр басандааст. Аз ин рӯ онҳо наметавонанд то иваз шудани басти корӣ мунтазам фаъолият кунанд.                       Тибқи ваъдаҳо аз 1-уми апрел автобусҳои нав ба кор мебароянд.                       Агар ин ҳазли шаҳрдорон дар рӯзи 1-уми апрел набошад, пас беҳбудии хизматрасонии нақлиётро интизор хоҳем шуд.

Апрель 1, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд